<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><hymn_number>172</hymn_number>
<title>Пинҳон макун аз чашми Худо айбу гуноҳат Хд172</title>
<lyrics>[V1]
.Am                                  Dm
 Пинҳон макун аз чашми Худо айбу гуноҳат,
.G                     C
 Эй ҷон, ба Худо рост бигӯ он чи ки дорӣ.
.Am                              Dm
 Бахшанда Худоест, ки мебахшадат охир,
.G                         C      E
 Пеши назараш гар дили бикшуда гузорӣ.

[C1]
.  Am                             Dm
   Онро, ки бубахшида Худо айбу гуноҳаш,
.  E                                 Am
   Хушбахттар аз ӯ ба ҷаҳон ҳеҷ касе нест.
.  Am                          Dm
   Фарёд баровардаву бишнида Худояш,
.  E                               Am
   Чун ғайри Худо ҳеҷ куҷо додрасе нест.

[V2]
 Иқрор накардам ба гуноҳам агар он ҷо,
 Ҷону танам аз оташи ғам сӯхт, Худоё.
 Пинҳон натавон кард зи чашми Ту хасеро,
 Бояд ҳама ҷо бар ту назар дӯхт, Худоё.

[C2]
   Ҳар кас, ки дуо кард ба даргоҳи Ту, ё Раб,
   Ӯро хатаре нест ба ҳар раҳ, ки гузар кард.
   Эмин бувад ҳамвора зи бадхоҳии душман,
   З-ин ҷо агар ӯ ҷои дигар азми сафар кард.

[V3]
 Ҳар ҷо биравам, бок надорам зи касе ман,
 Бинмудаӣ бар ман раҳи ҳамвор ба ҳар сӯ.
 Аҳкоми Ту дар ҳар қадаме машъали роҳам,
 Чун нури дурахшанда падидор ба ҳар сӯ.

[C3]
   Таълим диҳӣ бар ману чашмам бикушоӣ,
   То роҳи худ он гуна ки бояд, бишиносам.
   Бефаҳм набошам чу хачиреву чу аспе,
   Бо ақлу хирад он чи ки ояд, бишиносам.

[V4]
 Ҳар кас, ки шарир аст, варо ғусса зиёд аст,
 Аз ғуссаву ғам марди Худоро асаре нест.
 Эҳсони Худоро ҳама ҷо бинаду донад,
 Ӯро ба ҷаҳон ғайри Худо роҳбаре нест.

[C4]
   Эй ростдилон, дар қадами поки Худованд
   Аз шодии дил нағмаи мастона сароед.
   Бо сидқу сафо тавба кунед аз гунаҳи хеш,
   Аз рӯи муҳаббат ба Худо саҷда намоед.</lyrics>
<key>Am</key>
</song>